Skip Links

News Item

Модели САҲА 2026 ҷавонони Осиёи Марказиро дар Тошканд гирд меоварад

Issued on:
Issued by:
OSCE Project Co-ordinator in Uzbekistan, OSCE Programme Office in Dushanbe

Аз 27 апрел то 1 майи соли 2026 дар Тошканд Central Asian Model OSCE 2026  (Модели САҲА-2026 дар Осиёи Марказӣ) - ташаббуси таълимии ҷавонон баргузор мешавад, ки 25 иштирокчиро аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гирд меоварад.

Чорабинӣ дар шакли тақлиди (симулятсияи) дипломатӣ - усули интерактивии омӯзишӣ ва моделсозии (тақлиди) музокироти байналмилалӣ баргузор мешавад. Иштирокчиён нақши дипломатҳоро меофаранд, вазъиятҳои бӯҳрониро ҳал мекунанд, қарорҳо (қатъномаҳо) таҳия мекунанд ва манфиатҳои давлатҳоро ҳимоя мекунанд. Central Asian Model OSCE 2026  (Модели САҲА-2026 дар Осиёи Марказӣ) аз ҷониби Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон бо ҳамкории Дафтарҳои барномаҳои САҲА дар Остона, Бишкек ва Душанбе ташкил ва аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии Nordic мизбонӣ карда мешавад.

«Модели САҲА ба ҷавонон таҷрибаи амалии дипломатия ва музокиротро фароҳам меорад ва ҳамзамон фаҳмиши онҳоро дар бораи фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ амиқтар мекунад. Бо муттаҳид кардани иштирокчиён аз саросари Осиёи Марказӣ, ин ташаббус ба ҳамкории мустаҳкамтари минтақавӣ мусоидат мекунад ва иштироки ҷавононро дар ҳалли мушкилоти муштараки амниятӣ дастгирӣ мекунад», - гуфт Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон Сафир Антти Карттунен.

Сафир Антти Карттунен, Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон, зимни суханронӣ дар Central Asian Model OSCE 2026, Тошканд, 28 апрели соли 2026. (САҲА)

Дар тӯли панҷ рӯз, иштирокчиён бо кори САҲА шинос мешаванд, мушкилоти кунунии амниятӣ ва нақши ҷавононро дар қабули қарорҳо муҳокима мекунанд ва Қатъномаи 2250-и Шӯрои Амнияти СММ «Ҷавонон, сулҳ ва амният»-ро меомӯзанд.

«Барои ман, иштирок дар Модели САҲА имконияти дарки беҳтари тарзи қабули қарорҳои байналмилалӣ ва тарзи анҷом додани муколамаи дипломатӣ мебошад. Ҳамчун рӯзноманигор, барои ман имконияти рушди малакаҳои суханронии оммавӣ, далеловарӣ ва таҳлилии худ, инчунин мубодилаи таҷриба бо ҳамсолон аз кишварҳои дигари Осиёи Маркази бахусус муҳим аст”, - гуфт иштирокчӣ Нигора Илолова аз Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муҳокимаҳо ва кори дастаҷамъона дар Central Asian Model OSCE 2026, Тошканд, 28 апрели соли 2026. (САҲА)

Барнома ба шаклҳои омӯзиши амалӣ, аз ҷумла ҷаласаҳои интерактивӣ, мубоҳисаҳои дипломатӣ ва тақлиди пурраи Шӯрои доимии САҲА нигаронида шудааст, ки дар он иштирокчиён нақши дипломатҳоро меофаранд ва музокироти бисёрҷонибаро оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯзнома анҷом медиҳанд. Дар ин раванд таваҷҷӯҳи махсус ба баробарии гендерӣ, иштироки фарогир ва нақши ҷавонон дар таъмини сулҳ ва амният дода мешавад.

Central Asian Model OSCE 2026 ба иштирокчиён ҳам дониши назариявӣ ва ҳам таҷрибаи амалиро дар самти дипломатияи байналмилалӣ фароҳам меорад ва ба рушди малакаҳои гуфтушунид, эҷоди тавофуқ ва муколамаи бисёрҷонибаи созанда мусоидат мекунад.


Contacts

Guzal Fayzieva

Media and Communication Programme Associate

OSCE Project Co-ordinator in Uzbekistan

121 Zulfiyaxonim Street, Shayxontohur District
100128 Tashkent
Uzbekistan